Таҳкими Истиқлоли давлатӣ ҳамчун стратегияи миллӣ дар даврони ҷаҳонишавӣ
- Душанбе, Авг 23 2021
- Андешаи муҳаққиқон
Ба истиқболи
30-солагии Истиқлоли давлатии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таърихи бою куҳан ва интиҳои қарни сипаригардидаи кишварамон воқеаҳои сиёсии бузургеро дар бар мегирад, ки ҳар кадоми он дар марҳилаи худ нақши махсусе доранд. Дар таърихи навин волотарин дастовард - соҳиб шудан ба Истиқлоли давлатии Тоҷикистон аст, ки баъди пош хурдани собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба амал омадааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар қатори дигар кишварҳо 24 – август Эъломия дар бораи истиқлолиятро қабул намуд ва баъдан 9 – сентябри соли 1991 истиқлолияти сиёсии худро расман эълон намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари қабул намудани истиқлоли хеш ба монеаҳои ҷиддӣ рӯбарӯ гардид. Яке аз чунин монеаҳо ин ҷанги ҳамватанӣ буд, ки дар шакли дағалу яроқнок бо дахолати мухолифин ва бо дастгирии хоҷагони хориҷии онҳо ба вуҷуд омад.
Тавре ки доктори илмҳои фалсафа Ҳайдаров Р.Ҷ. менависад: «Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аз ҳамин амали зишти тундгароёни динӣ ва ҳаммаслакони онҳо дар байни аҳли зиё оғоз гардид. Аз ин рӯ, мо бо итминони комил гуфта метавонем, ки ба паси мизи музокирот нишастани Пешвои миллат маҳз ба хотири барқарор кардани сохти конститутсионӣ дар Тоҷикистон сурат гирифта буд. Аз ҷониби Пешвои миллат консепсияи Ваҳдати миллӣ пешниҳод шуд, ки барои амалӣ сохтани он Эмомалӣ Раҳмон ба неруи созанда ва тамаддунгарои ҷомеаи тоҷик такя намуд. Пешвои миллат тамоми истеъдоди сиёсии худро баҳри офардани сулҳ ба Ватан равона намуд. Қобили зикр аст, ки маҳз дар давраи гузаронидани музокироти байни тоҷикон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташаккули фарҳанги ваҳдатгароӣ замина гузошт, ки он имрӯз унсури ҷудонашавандаи тафаккури сиёсии ҷомеаи тоҷик мебошад» [2, 88].
Бо туфайли соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон имконияти мустақилона муайян намудани сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро пайдо кард. Акнун Тоҷикистон дорои зарфияте мебошад , ки бо воситаи он бо давлатҳои хориҷӣ робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ пайдо карда, бо онҳо робитаҳои дипломатӣ ва консулиро ба роҳ монад. Махсусан, аъзои комилҳуқуқи Созмони Миллали Муттаҳид(СММ) гардидани Тоҷикистон, бо ҳайати Созмони амният ва ҳамкории дар Аврупо(САҲА), ташкилоти Конфронси исломӣ, ташкилоти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ташкилотҳои дигари байналхалқӣ шомил шудани он ба шарафи соҳибистиқлолӣ муяссар гардид.
Чуноне, ки Пешвои миллат қайд менамоянд, “давлату давлатдорӣ як мафҳуми назариявӣ набуда, он маҳз бо мавҷудияти рукнҳои амалии давлат маъно пайдо мекунад. Шоҳидон дар ёд доранд, ки дар он рӯзҳои вазнину мудҳиш тамоми ниҳодҳои марказӣ ва маҳаллии давлатдории мо пурра фалаҷ гашта, низоми идоракунии давлатӣ барҳам хӯрда буд. Бинобар ин, барқарор кардани аркони амалии давлат талошу заҳмати зиёдро талаб мекард. Мо тавонистем дар кӯтоҳтарин замон ниҳодҳои асосии давлатдориро эҳё ва барқарор намоем. Мо, ки худ шоҳиди бевоситаи раванди барқарории рукнҳои асосии давлатдорӣ ва ташкили ниҳодҳои бунёдии сиёсӣ ва қудратии кишвар будем, фаромӯш намекунем, ки ҳар як ниҳоди давлатӣ, хусусан, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо чӣ мушкилот ва ҳисси масъулият ташкил ёфта буданд» [1, 10].
Раванди сиёсӣ исбот менамояд, ки воқеияти ҷаҳони муосир бори дигар арзиши истиқлоли сиёсиро дучанд мегардонад. Зеро омилҳои глобализатсионӣ дар баробари имконоти хуби худ як қатор таҳдидҳоро ба истиқлоли сиёсии давлатҳо ба вуҷуд оварда истодааст. Таҳлилҳо собит менамоянд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ давлат ҳамчун ниҳоди сиёсӣ ва субъекти мустақил қисме ҳуқуқҳои худро аз даст медиҳад ва наметавонад тамоми имконоти худро озодона иҷро намояд. Аз ҷумла, дар раванди ҷаҳонишавӣ фарҳанги миллии давлатҳои рӯ ба инкишоф зери таъсири фарҳанги бузургдавлатҳо монда, метавонанд ба самти нобудшавӣ майл намояд. Агар аз як тараф, ин раванд ба таври объективӣ сурат гирад, аз тарафи дигар, тавассути омилҳои субъективӣ низ раванди аз байн бурдани тамаддуни ҷомеаи муайян сурат мегирад. Инчунин, дар раванди ҷаҳонишавӣ фарҳанги миллату халқиятҳои хурд ва заиф дар зери таъсири тамаддуни абарқудратҳо монда, фарҳанги хешро аз даст медиҳанд ва бо онҳо омехта гашта, дар чархи таърих нопадид мегарданд.
Равандҳои сиёсии ҷаҳони муосир, хатару таҳдидҳои ҷаҳонии экстремизму терроризм, офатҳои экологӣ, экспансияи фазои иттилоотӣ, бархурди тамаддунҳо, ҷанги сард, ки ҳамагон маҳсули глобализатсия мебошанд, доираи фаъолияти давлатро ҳамчун субъекти дорои суверенитети сиёсӣ маҳдуд намуда истодаанд. Ба ҷойи давлатҳо дар бештари ҳолат дар муносибатҳои байналмилалӣ созмонҳои фаромиллӣ тасмим мегиранду қарор қабул менамоянд. Аз ҷиҳати иқтисодӣ ё сиёсӣ вобастагии давлат ба ин ё он ташкилот, ин омили манфӣ дар раванди назми худкифоии давлат мебошад. Ба вуҷуд омадани созмонҳои ҳарбиву сиёсӣ ва иқтисодии ҷаҳонӣ ва ташкилотҳои фаромиллӣ тасдиқи андешаҳои болоянд. Гурӯҳҳои гуногуни муташаккили умумиятҳои иҷтимоӣ мекӯшанд бо роҳу воситаҳои дастрас ба рафтори мақомоти давлатӣ бо мақсади рӯоварии сиёсат ба фоидаи худ таъсир расонанд.
Мусаллам аст, ки инкишофи ҳар як давлат дар олами муосир ба вазъияти ҷаҳон сахт алоқамандӣ дорад. Аз ин хотир ҷаҳонишавӣ воситаи амалинамоии ҳадафҳои мушаххаси давлатҳои абарқудрат гардидааст. Давлатҳои бузург кӯшиш менамоянд, ки ба ҳар восита зери шиорҳои ҷаҳонишавӣ, манфиатҳои худро дар сарҳади давлатҳои дигар амалӣ намоянд. Дар ин ҳолат истиқлоли давлатии бештари давлатҳои рӯ ба инкишоф халалдор гардида тобеъи давлатҳои абарқудрат мегарданд. Вазъияти кунунии Шарқи Наздик, Афғонистон ва кишварҳои арабӣ мисоли гуфтаҳои болоянд.
Ниҳоят, падидаи ҷаҳонишавӣ ҳанӯз мураккаб ва пурихтилоф боқӣ мемонад. Дар ин раванд бақои ҳар як давлати миллӣ аз ҳифзи истиқлоли сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ногузир вобастааст. Давлати миллӣ ҳамчун ниҳоди мустақил ва кафили амнияти ҷомеаи муайян дар раванди ҷаҳонишавӣ аз ҳар вақта дида бештар вазифадор мегардад, ки барои мавҷудияти худ чораҳои судманд андешад.
Профессор Муҳаммад А.Н., менависад, ки “раванди ҷаҳонишавӣ боз хавфу хатар ва таҳдидҳои нави ҷаҳониро ба миён оварда, мутахассисону коршиносонро водор менамояд, ки дар таҳлилу таҳқиқотҳои худ таъсири ҷаҳонишавӣ ва вазъи имрӯзаи ҷомеаро дар самти амалишавии ҳадафҳои миллӣ ва стратегияҳои давлатӣ дида бароянд. Ҳамзамон таъсири манфии таҳдидҳоеро, ки ба манбаъ ва воситаҳои асосӣ таъсир расонида, онҳоро корношоям ва аз мадди назар дур месозанд. Бояд тазаккур дод, ки таҳдидҳо ба раванди қабули қарорҳои сиёсӣ ва идоракунии давлатӣ таъсири манфӣ расонида, хавфи пурра дар амал татбиқ нагардидани ҳадафҳои миллиро ба миён меоранд”[3, 95].
Бояд гуфт, ки онҳое, ки имрӯз аз хориҷ тавассути сайтҳои мухталифи интернетӣ ба ҳастии истиқлоли мо санг мепартоянд, бо ҳар роҳу восита мехоҳанд ба рамзҳои давлатдории мо захм ворид созанд, хизмати хоҷагони берунаро иҷро менамоянд ва ба номи поки миллати тоҷик хиёнат менамоянд. Бингаред ба Ироқ, Афғонистон, Сурия, Украина, Белорусия, Венесуэла ва ғ., ки имрӯз чӣ тавр бо ҳидояти бегонагон ваҳдатро ба парокандагӣ иваз кардаанд, бузургтарин хотираҳои моддии таърихиро ба боди нестӣ дода, кишварҳои худро ба муҳлати даҳсолаҳо қафо партофтаанд. Ин магар барои мо дарси ибрат нест? Бузургон дуруст гуфтаанд, ки «оқилон аз хатои дигарон меомӯзанду омиён дар хатои худ».
Саҳифаҳои таърихи миллати мо ҳодисаҳои нанговару ноҳамворро зиёд дидааст, вале аз он ибрат нагирифта, такрор ба такрор бо чунин иллатҳо азият кашидааст. Ҳар инсони ватандӯст ва худшиносе, ки вориди саҳнаи таърихи халқи тоҷик мегардад, дар баробари дастовардҳои мухталиф бо ҳодиса ва саҳнаҳои ҳузнангез аз хиёнат то хиҷолат, аз таассуб то ифрот рӯ ба рӯ шуда, мебинад, ки чӣ тавр муҳаббат дар қиболи бепарвоӣ, қаҳрамонӣ дар паҳлуи хиёнат, озодандешӣ дар муқобили таассуб ва монанди инҳо бо вазни ночизе дар таърихсозии миллати мо мавқеи худро аз даст медиҳанд.
Мардуми тоҷик маҳз бо файзу баракати Истиқлол ва Ваҳдати миллӣ ба давлатдории миллӣ ва эъмори ҷомеаи демократӣ расид. Вазифаи муҳимтарин ва асосии ҳар давлат дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳифзи Истиқлоли давлатист. Аз ин рӯ, мо вазифадор ҳастем, ки дар равандҳои глобализатсионӣ падидаи Истиқлол, озодии иродаи миллӣ, шаъну шараф ва қудратмандии миллати худро чун як рукни асосии ҳастии давлати мустақил арзёбӣ намоем.
Қодирова Зулайхо
ходими хурди илмии
Шуъбаи сиёсатшиносии Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
АДАБИЁТИ ИСТИФОДАШУДА
-
Раҳмон Э. Уфуқҳои истиқлол.-Душанбе:Ганҷнашриёт.- 2018.436 с.
-
Ҳайдаров Р.Ҷ. Тоҷикистон дар масири таҳкими истиқлоли давлатӣ: ҷанбаи иҷтимоӣ – сиёсӣ.-Душанбе. 2020.108 с.
-
Муҳаммад А.Н. Истиқлол ва манфиатҳои миллӣ. – Душанбе, 2021.-180 с.